Ба гузориши хабаргузории Абно ба нақл аз Ал-Маълума, як манбаи амниятӣ дар устони Анбор эълом кард, ки раванди интиқоли унсурҳои ДИИШ (Даъш) ва хонаводаҳои онҳо аз урдугоҳи Ал-Ҳол дар Сурия ба урдугоҳи Ал-Ҷадъа дар устони Найнаво бо фишорҳои Амрико ва табонии унсурҳои вобаста ба Ҷӯлонӣ аз сар гирифта шудааст.
Вай илова кард, ки давлати Бағдод набояд дар баробари ин фишорҳо таслим шавад. Дар ҳоли ҳозир 840 тан аз урдугоҳи Ал-Ҳол мунтақил шудаанд, ки аксари онҳоро хонаводаҳои саркардагони ДИИШ ташкил медиҳанд; касоне ки дастҳояшон ба хуни нерӯҳои амниятии Ироқ олуда аст.
Ин манбаъ баён кард, ки ҳадафи Амрико аз ин иқдом мутазалзил кардани субот ва амнияти Ироқ аст. Дар миёни ин афрод, унсурҳои хатарноке вуҷуд дорад, ки таҳти пайгард қарор доранд ва ба масабаи як бомби соатӣ дар Ироқ амал мекунанд.
Your Comment